Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз торнамои хабаргузории Тақрив , Момусто « мулло Абдураҳмон Муродӣ » , имоми ҷумъаи аҳли суннати Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон гуфт : Бедории ҷаҳонӣ дар баробари зулму ишғол , режими саҳюнистиро дар тангнои сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор дода ва ҳатто мардуми дохили сарзаминҳои ишғолӣ низ аз сиёсатҳои ҷангталабонаи ин режим ба сутӯҳ омадаанд .
Момустои Муродӣ афзӯд : Барқарории оташбас дар Ғарра , натиҷаи истодагӣ ва муқовимати мардуми Фаластин , талошҳои ҷабҳаи муқовимату ва ҳимояти миллатҳои озодаи ҷаҳон аст ки бо равшангарӣ , чеҳраи воқеии режими саҳюнистиро ошкор карданду давлатҳои ҳомии онро таҳти фишор қарор доданд . Вай таъкид кард : Мусулмонони ҷаҳон бояд бо иттиҳоду огоҳӣ дар баробари зулму таҷовуз итодагӣ кунанд ва бо анҷоми тоъоту тақвияти имон , заминасози густариши оромишу маънавият дар ҷаҳон бошанд .
Дархости олими аҳли суннати Покистон аз Созмони Милал : ҷинояткорони Исроилиро муҳокима кунед
Аз сӯии дигар , Муҳаммадшодоб Ризои Нақшбандӣ , олими аҳли суннат Покистон гуфт ки ҷиноёти Исроил чунон ваҳшиёна ва густардааст ки агар Ҳитлер зинда буд , аз дидани он ба ларза дар меомад . Ин олими покистонӣ , бо интиқод аз сукути ниҳодҳои байналмилалӣ дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза таъкид кард ки ҳеҷ тавофуқӣ бидӯни ҳузуру ҳимояти раҳбарони воқеии Фаластин қобили қабул нест ва Созмони Милал ва додгоҳи байналмилалӣ бояд ба ҷои пардохтан ба муъоҳидоти сиёсӣ , адолатро иҷро ва омилони ҷиноёти Исроилро муҳокима кунанд . Вай бо интиқоди шадид аз сиёсатҳои дугонаи Ғарб афзӯд : Амрико ва бархе кишварҳои дигар , ба таври мустақим ва ғайримустақим , дар ҷиноёти Исроил шариканд . Онон бо истифода аз ҳақи вето , ба режими саҳюнистӣ муҷаввизи ошкори тероризм додаанд . Муҳаммадшодоб Ризои Нақшбандӣ афзӯд : Дар ҳоле ки миллатҳои исломӣ дар саросари ҷаҳон дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ба по хостаҳанд , Созмони ҳамкории исломӣ танҳо ба судӯри баёнияҳои маҳкӯмият басанда кардааст . Агар ин Созмон мавзеъи қотеъ дар баробари наслкушии фаластиниён иттихоз мекард , Исроил ҳаргизи ҷуръати идомаи ин ҷиноётро надошт .
Your Comment